0 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Завқӣ Завқизода: Рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷӣ афзалияти аввалиндараҷа дорад

 Бо мақсади таъмин намудани намояндагиҳои дипломатӣ бо маълумоти мунтазам, инчунин муаррифии беҳтари имконияти тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон 30 март мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба МД «Ҷаҳоннамо» хабар доданд, зимни баргузории видеоконфронс З. Завқизода иброз  намуд, ки рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷӣ афзалияти аввалиндараҷа дошта, бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Зимнан Вазири рушди иқтисод ва савдо З. Завқизода масъалаҳои муҳими ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди кишвар, натиҷаҳои рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 тасдиқ гардидааст, тариқи рӯнамо муаррифӣ намуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои пайгирӣ ва рушди ҳамкории минбаъда таклифҳои мушаххас манзур карда, ба саволҳои сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ посухҳои дахлдор дод.

АКСҲО: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news