4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Муомилоти моли яклухт ва чакана дар Тоҷикистон 11,8 фоиз афзуд

Ҳаҷми гардиши савдои яклухт ва чакана дар Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон беш аз 7,2 миллиард сомонӣ (беш аз 559,4 миллион доллар)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум  11,8 дарсад бештар аст. Дар ин бора хабаргузории «Авесто» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра дар бозорҳои озуқаворӣ, либос ва бозорҳои омехта ба маблағи беш аз 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулот фурӯхта шудааст, ки 33,7 фоизи ҳаҷми умумии савдои чаканаро ташкил медиҳад.

Дар моҳҳои январ-феврал даромад аз ҳисоби фурӯши чорво беш аз  595 миллион сомонӣ,  маҳсулоти нафтӣ — қариб 1 миллиарду 266 миллион сомонӣ, мошинҳои боркаш ва сабукрав — 111,5 миллион сомониро ташкил дод. Дар ҳаҷми умумии муомилоти мол ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ беш аз 3,1 миллиард сомонӣ ё 49,7 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа беш аз 3,1 миллиард сомонӣ ё 50,3 фоизро ташкил дод.

Ба ҳисоби фоиз дар гурӯҳи озуқаворӣ гӯшту ҳасиб, шакар ва маҳсулоти қаннодӣ, орду нон, сабзавот, равғани растанӣ бартарӣ доранд. Миёни молҳои гурӯҳи ғайриозуқаворӣ ҳиссаи бештар ба маҳсулоти нафтӣ, матоъ, трикотаж, масолеҳи сохтмонӣ, пойафзол, молҳои электрикӣ рост меояд.

Дар давраи зикршуда ҳаҷми муомилоти моли чакана ба як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 638 сомониро ташкил дод.

АКС аз avesta.tj

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news