-1.5 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон тавассути ҶҲАТ ба 600 нафар кӯдакони ятим кумаки ҳармоҳаи молиявӣ мерасонад

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) давоми 12 моҳ ба 600 нафар кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ кумаки ҳармоҳаи молиявӣ мерасонад. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба маркази иттилооти ҶҲАТ хабар медиҳад.

Дар робита ба ин имрӯз дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе миёни ҶҲАТ ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон Созишномаи оид ба оғози лоиҳаи «Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон» дар соли 2022 ба имзо расид.

Дар марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур давоми 12 моҳ 600 нафар кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ дастгирӣ меёбанд. Дастгирии ҳар кӯдаки ятим тавассути кушодани корти бонкӣ ба онҳо амалӣ гардида, мувофиқи Созишнома, ҳар моҳ маблағи 100 доллари ИМА бо қурби асъори миллии Тоҷикистон — сомонӣ ба корти бонкии ятимони интихобшуда мегузарад.

Лоиҳаи мазкур ба дастгирии 500 нафар кӯдакони ятими шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Норак, Хуросон, Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Леваканд, Ёвон, А.Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷи вилояти Хатлон ва 100 нафар кӯдакони ятими шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ равона гардидааст.

Бо мувофиқа ва пешниҳоди  рӯйхатҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои болозикр 600 нафар кӯдакони ятим номнавис гардида, ҳуҷҷатҳои онҳо пурра дар махзани иттилоотии ҶҲАТ сабт шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки бори аввал 4 феврали соли 2020 миёни ҶҲАТ ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон, ки шарики доимии Ҷамъият ба ҳисоб рафта, якчанд лоиҳаҳоро дастгирӣ намудааст, оид ба лоиҳаи «Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон» Созишнома ба имзо расида буд.

Дар асоси ин созишнома 500 нафар кӯдакони ятим аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастгирӣ ёфтанд. Тибқи он, давоми як сол ба корти бонкии ятимони интихобшуда ҳар моҳ маблағи 100 доллари ИМА бо қурби асъори миллии Тоҷикистон- сомонӣ гузаронида шуд. Ин лоиҳа моҳи июли соли 2021 ба анҷом расид.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки айни замон дар ҶҲАТ ду лоиҳа оид ба дастгирии ятимон амал менамоянд, ки онҳо аз ҷониби Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Арабӣ дастгирӣ ёфта, дар маҷмӯъ 1414 кӯдакони ятимро дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд.

АКСҲО: Маркази иттилооти ҶҲАТ

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news