2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Душанбе — мизбони конгресс ва намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Хазар 2022»

Тавре қаблан хабар додем, 25-27 май дар шаҳри Душанбе Конгресси 6-уми ҳамасолаи байналмилалӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетикаи Осиёи Марказӣ ва Хазар 2022» баргузор мешавад.

Созмондиҳандагони он хабар медиҳанд, ки дар конгресс беш аз 150 нафар роҳбарони корхонаҳои пешқадами энергияи барқароршаванда, сармоягузорон, пешвоёни технологияҳо аз Тоҷикистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Гурҷистон, Арманистон, Русия, Қирғизистон, Олмон, Фаронса, Полша, Белгия, Чин, Британияи Кабир, Люксембург, Туркия, Эрон, Сербия, Швейтсария ва Канада ширкат меварзанд.

Иштирокдорони конгресс ва намоишгоҳ ҳамчунин аз неругоҳҳои барқи  обии «Роғун» ва «Норак» боздид хоҳанд кард.

Ҳамзамон интизор  меравад, ки дар доираи конгресс ва намоишгоҳи байналмилалии «Гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ва Хазар 2022»  бо иштироки намояндагони ширкатҳои калидии энергетикии минтақа, сармоягузорон, ҳукуматҳо ва таъминкунандагони таҷҳизот ва хидматрасонӣ  суҳбатҳои «мизи мудаввар» ва вохӯриҳо доир гарданд.

Дар назар аст, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба лоиҳаҳои сармоягузории ояндадор оид ба сохтмон ва навсозӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирии ҳукумат дар рушди саноати гидроэнергетика, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар бахши гидроэнергетика ва дигар масъалаҳои  марбут ба таҳкими хамкории минтақавӣ дар соҳаи гидроэнергетика баррасӣ шаванд.

АКС аз созмондиҳандагон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news