-1.8 C
Tajikistan
Sunday, May 22, 2022

Дар Хатлон масъалаи таъмини омӯзгорону табибони ҷавон бо кори доимӣ баррасӣ гардид

Таъмин намудани мутахассисони ҷавони омӯзгору табиб бо кори доимӣ, сари вақт пардохт намудани музди маош, сохтани биноҳои баландошёнаи на кам аз панҷқабата дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дуруст ба роҳ мондани корхонаҳои дӯзандагӣ, таъмир намудани роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ғайра  аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме буданд, ки  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 29 март зимни баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум иҷрои онҳоро ба масъулин супориш дод. Дар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Зикр шуд, ки  дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 24 феврал зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон ироа шуда буданд, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона гардидаанд.

Раиси вилояти Хатлон аз вазъи иқтисодӣ ва  авзои сиёсии ҷаҳон ёдовар шуда, дастур дод, ки оид ба захираи ғаладонагиҳо, вусъат бахшидани кишти такрорӣ дар заминҳои президентӣ, назди ташкилоту муассисаҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ, байни қаторҳои боғҳо, кишти пахта ва аз як замин гирифтани се-чор ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани майдони гармхонаҳо ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо зироату сабзавоти барвақтӣ, назорати баландшавии нархи маҳсулот дар бозор, инчунин наслгирии чорвои шохдори калон, пешгирӣ намудани хавфи офатҳои табиӣ, пешгирии паҳншавии малах ва истифодаи дурусти насосҳои обкаш тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021 — 2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маърӯза намуда, иброз дошт, ки дар вилоят 368 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 8 миллиард сомонӣ марҳила ба марҳила бояд амалӣ гарданд. Айни замон 62 лоиҳа бо азхудкунии 15,6 фоизи маблағҳо ҷараён доранд.

Дар иҷлосия раисони  шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба корҳои анҷомёфта дар самти ободонӣ ва бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, боз ҳам беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ дохил кардани заминҳои бекорхобида, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва таъмини ҳарчӣ бештари бекорон бо ҷойи кор ибрози андеша намуданд.

Раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Абдуалим Исмоилзода доир ба корҳои дар якчанд ноҳияҳои вилоят анҷомёфта ҳисобот дод. Ӯ гуфт, ки дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо камбудиҳои ҳалталаб ҷой доранд ва зарур аст, ки барои ислоҳи онҳо сари вақт тадбирҳо андешида шаванд. Аз ҷумла, дар самти ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии маъракаҳои дафну азодорӣ, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва риояи тарзи дурусти ҳаёти солим корҳо беҳбудӣ мехоҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон

Latest news

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид....

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова...

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи...

Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал...

Related news