-13.4 C
Tajikistan
Tuesday, January 31, 2023

Дар Бонки миллӣ вазъи феълии молиявии ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид

 Вазъи феълии молиявии ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) таҳти раёсати директори идорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай, роҳбари Намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Рика Ишии ва директори минтақавии БАТР дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова дар Душанбе баррасӣ гардид.

МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҳамкории пурсамар ва дастгирии доимии БАТР дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши низоми бонкӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба ҳайати БАТР барои ҳамкории самарабахши бисёрсола ва дастгирии доимӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, бахусус пешниҳоди кумакҳои молиявию техникӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, гуфт, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкории судманд давоми чанд соли охир аз ҷониби БАТР ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 800 миллион евро сармоягузорӣ карда шуд.

Дар идома Ҳоким Холиқзода саҳми БАТР-ро дар таҳкими низоми бонкии кишвар, аз ҷумла тақвияти идоракунии корпоративӣ, рушди бозори асъор ва сармоя, мукаммал гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, инчунин баланд бардоштани тахассуси кормандони бахши низоми бонкии мамлакат назаррас арзёбӣ намуд. Ҳамзамон бо истифода аз имконияти бартаридоштаи ин институти молиявии бонуфуз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз директори идории БАТР барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистон бо бонкҳои Аврупо ва давлатҳои минтақаи Шарқ даъват ба амал овард.

Директори идории БАТР барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай аз ҳамкории пурсамари ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ба вазъи молиявӣ, аз ҷумла низоми бонкии Тоҷикистон дар давраи буҳронӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки аз рӯи натиҷаи омӯзиши вазъи феълии минтақа аз ҷониби коршиносони БАТР бо назардошти таҳримҳо, имконияти ҳамкорӣ дар самти ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ баррасӣ карда мешаванд.

«То ҳадди имкон мо кӯшишҳои худро дар ин самт дучанд мегардонем ва ин масъала дар дафтари асосӣ мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт»,- зикр намуд хонум Жужанна Харгитай. Мавсуф ҳамзамон ташаккули иқтисодиёти сабз, тақвияти идоракунии корпоративӣ, рушди низоми суғурта, такмили қонунгузории соҳаи бонкиро барои дурнамои ҳамкорӣ самтҳои афзалиятнок ҳисобид.

Мусоҳибон ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкории мутақобилаи судманд баён доштанд.

АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон

Latest news

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов...

Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») дар Аврупо ба нашр расид

Дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид.

«АЗ САДА ТО САДА». 7 навъи зироати кишоварзӣ ва дарахтони меваю ангур ба таври расмӣ қабул гардиданд

Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму...

Related news