4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

«ҶОМИ НАВРӮЗ-2022». Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм бозӣ мекунанд

Имрӯз дар доираи Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022», ки  дар шаҳри  Намангони Ҷумҳурии Узбекистон   ҷараён дорад, дастаҳои мунтахаби футболи     Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм миёни ҳам  рақобат мекунанд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 25 март дар  шаҳри  Намангони Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Уганда оғоз ёфт, ки то 29 март идома меёбад. Дар бозии нахустини нимниҳоӣ дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо  дастаи   мунтахаби Уганда вориди майдон шуд ва вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Баҳри муайян кардани ғолиб дастаҳо пас аз бозии бидуни гол дар сӣ дақиқаи иловашуда ба задани силсилазарбаҳои пеналтӣ пардохтанд, ки дар он дастаи  мунтахаби миллии Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби   Уганда бо ҳисоби 4:5 мағлуб шуд.

Дар бозии дигари даври нимниҳоии мусобиқа дар ҳамин рӯз  дастаи  мунтахаби Узбекистон дастаи мунтахаби  Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Ҳамин тариқ  дастаҳои  мунтахаби  Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм миёни ҳам  рақобат мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки   дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Уганда дар финал барои дарёфти  «Ҷоми Наврӯз-2022» бо ҳам  қувва месанҷанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»

Нимфинал

25 март (ҷумъа)

Уганда — ТОҶИКИСТОН (1:1, силсилазарбаҳои пеналтӣ 5:4)

Узбекистон — Қирғизистон (3:1)

29 март (сешанбе)

16-00 — ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

20-00 — Уганда – Узбекистон

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд.

АКС: ФФТ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news