2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Тоҷикистон ва Австрия ба имконоти нави муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ вусъат мебахшанд

Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрии муовини Раиси Палатаи савдо ва саноат Манзура Рустамова бо муовини раиси шаҳри Клагенфурти Австрия Алоис Долинар имконоти нави муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд, хабар доданд ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Палатаи мазкур.

Зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамасола чорабиниҳои муҳимро доир ба дастгирии соҳибкорони ватанӣ доир мекунад. Соли 2021 зиёда аз 80 чорабинӣ, аз ҷумла намоишгоҳҳо, форумҳои тиҷоратӣ, миссияҳои тиҷоратӣ ва ғайра гузаронида, иштироки соҳибкорони ватанӣ дар намоишгоҳҳои хориҷи кишвар таъмин карда шуд.

Тибқи нақшаи кори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол баргузории якчанд чорабиниҳои муҳим, аз қабили намоишгоҳҳои универсалӣ ва касбӣ, форумҳои тиҷоратӣ, намояндагиҳои тиҷоратӣ, пайдо кардани шарикон барои рушди соҳибкорӣ, ки ба татбиқи Солҳои  рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, дар назар аст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки соли 2013 миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи федеролии иқтисодии Австрия Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд. Дар ин асос айни замон мубодилаи иттилоот идома дорад.

Манзура Рустамова таваҷҷуҳи Алоис Долинарро ба масъалаҳои густариши ҳамкории бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Клагенфурт ҷалб намуда, пешниҳод кард, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон ва Клагенфурт намояндагиҳои тиҷоратӣ ташкил карда шаванд ва ҳамчунин аз шаҳри Клагенфурт даъват карда шуд, ки доираҳои соҳибкориро ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшаванда ҷалб намоянд. Пешниҳод карда шуд, ки ба ин муносибат тақвими намоишгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 табодули назар карда шавад.

Бо мақсади шиносоии бахши хусусии шаҳри Клагенфурт бо фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Палата ба  меҳмонон дар бораи флеш-корти нави таҳияшудаи «Роҳнамои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар вебсайти Палатаи савдо ва саноат ҷойгир карда шуда, дорои маълумоти зиёди муфид оид ба Тоҷикистон аст, маълумот дод.

Алоис Долинар ба муовини Раиси Палатаи мазкур барои маълумоти пешниҳодшуда изҳори сипос намуда, омодагии худро барои дастгирии он изҳор намуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки миёни бахшҳои хусусии ду кишвар имконот ва зарфияти истифоданашудаи зиёд вуҷуд доранд ва дар робита ба ин, омодагии худро барои амалӣ намудани ташаббусҳое, ки ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ миёни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва Клагенфурт мавҷуданд, равона мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати мазкур аз 21 то 24 марти соли равон бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми 3-юми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» дар Тоҷикистон қарор дошт.

АКС: Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news