7.1 C
Tajikistan
Monday, September 25, 2023

Маҳсулоти ҶДММ «Баракат – Исфара» ба Малайзия содирот мешавад

Минбаъд содироти маҳсулоти ҶДММ «Баракат – Исфара» ба Малайзия ба роҳ монда мешавад. Ин нукта зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муассиси ҶДММ «Баракат – Исфара» Борис Игнатенко ва директори генералии ширкат Дилшод Ҷабборӣ тазаккур дода шуд, хабар медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилоят.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти имрӯзаи корхона ва тавсеаи фаъолияти он мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят аснои суҳбат таъкид кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намуданд.

«Мақсад аз эълон шудани панҷсолаи рушди саноат расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла  саноатикунонии босуръати кишвар аст. Дар ин росто бояд захираву имконият самаранок истифода гардида, корхонаҳои мавҷуда низ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар намоянд», — иброз намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Баракат-Исфара» яке аз корхонаҳои муваффақ буда, дар он 140 нафар кор мекунанд. Корхона ба банду баст ва коркарди мева машғул буда, маҳсулоти он ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳои Русия содирот мегардад. Маҳсулоти «Баракат-Исфара» дар Чехия, Туркия, Канада низ серхаридор буда, бо соҳибкорони Малайзия низ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид ва минбаъд содироти маҳсулот ба ин мамлакат низ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Муассис ва роҳбарияти корхона ҳамзамон маълумот доданд, ки барои бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва фаъолсозии хатҳои нави истеҳсолӣ аз ҷониби мутахассисон корҳо ҷараён дошта, ояндаи наздик коркарди меваҷоти хушсифат зиёд карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар корхонаи мазкур маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарди безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва банду басти меваҳо ба роҳ монда шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд

Тавре қаблан хабар додем, 22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф,...

Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи...

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт...

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун...

Related news