-1.5 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Дар Алмаато музокироти ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев бо иштироки ҳайатҳои Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент мулоқот доир намуданд. Дар ин бора МД “Ҷаҳоннамо” бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ муҳокима карда шуданд.

Ҷонибҳо дар остонаи таҷлили 30-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба аҳаммияти фаъолияти созмони мазкур мубодилаи афкор намуда, нақши онро дар таҳкими ҳамкорӣ миёни парламентҳои давлатҳои Иттиҳод муҳим арзёбӣ карданд.

Рустами Эмомалӣ бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон фаъол гардида, бо ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол дар байни ду давлат дар соли сипаришуда 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2020 ба андозаи 30 фоиз афзоиш ёфтааст.

Тақвияти ҳамкории самарабахш дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ зарур шуморида шуд.

Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамроҳи роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар маросими гулгузорӣ дар маҷмааи Шараф, ки дар ҳудуди боғи «28 панфиловчӣ»-и шаҳри Алмаато ҷойгир аст, ширкат намуданд.

АКСҲО: ММ МО ҶТ

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news