-3.2 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

«FREUT MICH, SIE ZU SEHEN! – АЗ ДИДОРАТОН ШОДЕМ!». Меҳмонон аз бародаршаҳри Клагенфурт дар Душанбе қарор доранд

Бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳайати шаҳри Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Клагенфурт, сарпарасти  бахши робитаҳои хориҷӣ  Адоис Долинар бо мақсади иштирок дар Форуми 3-юми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, ба ҳайати меҳмонони австриягӣ ҳамчунин роҳбари Намоишгоҳҳои вилояти федералии Каринтияи Чумҳурии Австрия Бернҳард Ерлер ва роҳбари Хадамоти ташрифотии шаҳрдории Клагенфурт Ева Янитса  шомил мебошанд.

Дар ҳошияи сафар 22 марти соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо ҳайати шаҳрдории Клагенфурт таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Клагенфурт Адоис Долинар доир гардид.

Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурномаи робитаҳои ҳамкории бародаршаҳрҳо — Душанбе ва Клагенфурт дар чаҳорчӯбаи санадҳои мавҷудаи ҳамкорӣ мавриди гуфтугӯ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳайати шаҳри Клагенфурт тайи се рӯз баробари иштирок дар Форуми 3 — юми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» ва Фестивали 4-уми байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ», ҳамзамон бо дастовардҳои шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуда, бо роҳбарону

намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон — Олмон вохӯриву мулоқотҳо анҷом дода, бахшида ба 50 — солагии истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни  Душанбе   ва Клагенфурт,   ҳамчун рамзи дӯстии шаҳрҳо ва мардумони онҳо дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» ниҳол шинонданд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Австрия таърихи тӯлонӣ дошта, имсол ҷонибҳо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрияро ҷашн мегиранд. Ширкатҳои хусусии австриягӣ дар татбиқ ва азнавсозии як қатор лоиҳаҳои азими энергетикӣ ва коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар шаҳри Душанбе фаъолона иштирок менамоянд.

Дар рушду таҳкими муносибатҳои миёни ду кишвар саҳми шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт , ки шурӯъ аз соли 1972 робитаҳои бародаршаҳриро ба роҳ мондаанд ва имсол  ба ин рӯйдоди таърихӣ  50 сол пур мешавад, басо назаррас ва арзанда маънидод мегардад.

Сафари ҳайати шаҳрдории Клагенфурт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то 24 марти соли 2022 давом мекунад.

АКСҲО: МИҲД ш.Душанбе

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news