4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

«ҲАМА ҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ…». Дар Хоруғ ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид

22 март дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ баргузор гардид, ки дар он  Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва дигар намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Дар оғози чорабинӣ ҳайати расми аз намоишгоҳи соҳаи кишоварзии вилоят дидан намуда ба ташкилкунандагони намоишгоҳи мазкур баҳои баланд доданд. Баъд аз ҷамъбасти намоиш меҳмонон дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот сокинони вилоят ва меҳмононро ба муносибати рӯзи Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта зикр кард, ки  дар ин иди баҳорон сокиноне, ки дар ободонии Ватан саҳми худро пайваста мегузоранд, муборакбодии беандоза, умри дароз, саломатии комил, хушҳолии беканор ва баракати зиёди зиндагӣ насибашон бошад.

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иштирок намуда сокинони вилоятро бо ин рузи саид аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Ӯ афзуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо эҳёи анъанаҳои ниёгон ва дар маҷмӯъ, масъалаи маънавиёт ҳамеша дар мақоми аввал қарор дошта, таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои ватандӯстона таҳаввулоти маданӣ амалӣ гардида, имкон оварда шуд, ки дар Тоҷикистон гузариши амиқи иҷтимоиву маданӣ ва баромадан ба зинаи нав дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт таъмин гардад.

Ёдовар мешавем, ки дар дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ тантанаҳои наврӯзӣ ҷараён гирифта, бо шукуҳу шаҳомат ва бо оростани дастархони идонаи «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ин иди аҷдодиро таҷлил намуданд.

Аксҳо: МИҲД-и ВМКБ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news