-10.6 C
Tajikistan
Thursday, February 9, 2023

Ҳайати Тоҷикистон дар 9-умин Форуми ҷаҳонии об иштирок намуд

21 март ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва узвияти муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва роҳбари Котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (6-9 июни 2022 дар Душанбе) Султон Раҳимзода дар маросими ифтитоҳи 9-умин Форуми ҷаҳонии об, ки то 26 марти соли 2022 дар шаҳри Дакари Ҷумҳурии Сенегал идома меёбад, иштирок намуд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Сенегал ҷаноби Макки Салл зимни суханронии худ аҳаммияти натиҷаи 9-умин Форуми ҷаҳонии об ва нақши Конфронси дуюми оби Душанберо,  ки 6-9 июни 2022 доир мешавад, дар раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (22-24 марти 2023, Ню-Йорк), ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мегардад, қайд намуд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни суханронӣ дар ҷаласаи вазирон иштирокдоронро дар бораи омодагӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” шинос карда, аҳаммияти онро ҳамчун чорабинии ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об таъкид намуд.

Дар паёмҳои худ Императори Япония Наруҳито, Президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйн ва роҳбарони кишварҳои иштирокдор нақши Конфронси оби СММ-ро дар баррасии масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Маросими ифтитоҳи чорабинӣ бо иштироки президентҳои Мавритания, Гвинея-Бисау, Эфиопия, Ҷумҳурии Конго, муовини Президенти Гамбия, роҳбари Шӯрои ҷаҳонии об, Бонки ҷаҳонӣ ва вазирони соҳавии кишварҳои хориҷӣ доир гардид.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Latest news

Мансур Мухтар: «Бонки исломии рушд раванди маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон идома медиҳад»

Мақсади сафари ҳайати Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон шиносоӣ бо татбиқи лоиҳаҳои дуҷонаба ва пешравиҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалисозии онҳо...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд

6 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия муҳтарам Башар Асад...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган...

Related news