-3.2 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

«Наврӯз пайвандгари миллатҳо ва тамаддунҳо»- таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи Наврӯз — пайвандгари миллатҳо ва тамаддунҳо” баргузор гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки  Наврӯз ҷашнест, ки тамоми инсону мавҷудоти оламро рӯҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. “Ин ҷашни бостонии ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин идҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама,  ба кишоварзон неруву илҳоми тоза мебахшад. Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас,  оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд”,-қайн намуд Х.Усмонзода.

Зикр гардид, ки Наврӯзи имсола аҳаммияти хос дорад, зеро таҷлили он дар рӯзҳое сурат мегирад, ки мардуми ҳимматбаланду бунёдкори мо сохтмони иншоотҳои барои Ватанамон тақдирсозро майдони кору пайкори созанда эълон карда, барои вусъати тоза бахшидан ба бунёди онҳо ҳама чун як тан камари ҳиммат бастаанд. Мардуми ватанпараст, бунёдкор ва заҳматпешаи Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои олии умумимиллӣ неруи худро дареғ нахоҳанд дошт ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявию моддӣ, азму иродаи қавӣ ва неруи тавонои халқи шарафманду ободгарамон ба ин ҳадафҳои олӣ ноил хоҳем гашт.

Дар ҳамоиш сардори Раёсати таъминоти иттилоотии МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мавзӯи “Бозтоби зуҳури ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихӣ” ва котиби матбуотии Марказ Қиёмиддин Сатторӣ  дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми байналмилалӣ касб намудани ҷашни Наврӯз” суханронӣ намуданд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти МТС ҶТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news