4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Дар Исломобод мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид

22 март дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд баргузор гардид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангиро баррасӣ намуданд. Ҳамсӯҳбатон роҷеъ ба вазъи кунунии амниятӣ дар минтақа ва роҳандозии ҳамкориҳои муштараки судманд ҷиҳати мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир табодули ақида карданд.

Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин барои иштирок дар нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news