-1.8 C
Tajikistan
Sunday, May 22, 2022

Фаворис Музрапов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор рекорди Тоҷикистонро нав кард

 Даванди тоҷик Фаворис Музрапов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор, ки дар шаҳри Белгради Сербия ҷараён дорад, дар масофаи 60 метр рекорди Тоҷикистонро нав кард. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ӯ, ки ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин чемпионат аст, ин масофаро дар 6.83 сония давида, миёни 50 иштирокчӣ ҷои 37-умро ишғол намуд. Се ҷои аввалро Ламонт Марсел Якобс аз Италия (6.41) ва варзишгарони ШМА Кристиан Колеман (6.41), Марвин Бресӣ (6.44) гирифтанд.

Ба иттилои сармураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки кишвар Ғайрат Неъматов, Фаворис чанде пеш дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ масофаи 60 метрро бо натиҷаи 6.85 сония давида, рекорд гузошта буд ва инак дар Чемпионати ҷаҳон натиҷааш боз беҳтар шуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар толор дар Белрад 18-уми март оғоз гардида буд ва имрӯз – 20 март анҷом меёбад.

АКС: КМО Тоҷикистон

Latest news

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид....

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова...

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи...

Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал...

Related news