-10.6 C
Tajikistan
Thursday, February 9, 2023

Сироҷиддин Муҳриддин ва Насрин ал-Ҳошимӣ омодагиро ба Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба об дар Душанбе баррасӣ намуданд

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Академияи султонии илм ва эътимоди байналмилалӣ (RASIT) Насрин ал-Ҳошимӣ 18 март дар шакли видеоконференсия баргузор гардид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ Сироҷиддин  Муҳриддин роҷеъ ба омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” (Душанбе, 6-9 июни 2022) маълумот ироа карда, аҳаммияти онро ҳамчун чорабинии ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба бознигарии фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи Об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) таъкид намуд.

Дар навбати худ, Насрин ал-Ҳошимӣ дар хусуси ташаббусҳои Академияи мазкур дар соҳаи об, аз ҷумла барномаи байналмилалӣ зери унвони “Cansu Global”, ки ҳадаф аз он рушди босуръат ва корбурди илм, фанноварӣ ва навоварӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об маҳсуб меёбад, ибрози назар кард.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар бобати масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор карда, омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи мудирияти захираҳои об изҳор намуданд.

АКСҲО: ВКХ Тоҷикистон

Latest news

Мансур Мухтар: «Бонки исломии рушд раванди маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон идома медиҳад»

Мақсади сафари ҳайати Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон шиносоӣ бо татбиқи лоиҳаҳои дуҷонаба ва пешравиҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалисозии онҳо...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд

6 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия муҳтарам Башар Асад...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган...

Related news