2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи Замин таҷлил мегардад

Ҳамасола дар саросари дунё 20 март Рӯзи Замин таҷлил карда мешавад. 20 март интихоб гардидани Рӯзи Замин ба баробар шудани шабу рӯз дар ин рӯз марбут аст. Рӯзи Замин ба ҷашни аҷдодии мо — Наврӯзи хуҷастапай, ки ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст, рост меояд. Мақсади эълон намудани Рӯзи Замин ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёра ба тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи он мебошад.

Таҷлили Рӯзи Замин тадбири бузурги байналмилалӣ буда, таваҷҷуҳи аҳли башарро ба он равона месозад, ки ҳар сокини сайёра вазифадор аст нисбат ба он  ғамхорӣ намояд ва ҳар гӯшаи ин сайёраро барои наслҳои оянда тозаю озода ба мерос гузорад.

Дар байни чорабиниҳои оммавӣ дар бахши ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, ки дар ин рӯз дар гӯшаҳои гуногуни сайёра баргузор мешаванд- ин намоишу фестивалҳои экологӣ, марафонҳо ва конфронсҳо дар бораи табиат, рубӯчини кӯчаҳо, шинонидани дарахтҳо ва қатъи ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои серодами шаҳрҳои калон, ҷамъомадҳои фарҳангӣ ва консертҳо мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 1971 аз ҷониби Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи Замин  расман эълон шуд.

Тибқи анъана, дар ин рӯз «Зангӯлаи сулҳ» садо медиҳад. Ташаббуси нахустин оид ба таҷлили Рӯзи Замин ҳанӯз соли 1840 аз тарафи ходими ҷамъиятии амрикоӣ Ҷон Мортон пешниҳод гардида,  маъракаи шинонидани ниҳолу буттаҳо бо фарорасии фасли баҳор ва барномаи муносибати оқилона ба муҳити зист аз ҷониби ӯ таҳия гардида буд.

АКС: манбаъҳои боз

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news