3.8 C
Tajikistan
Wednesday, May 18, 2022

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022: имрӯз бозии дастаҳои «Хатлон» ва «Равшан» баргузор мегардад

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022 бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Аз рӯи натиҷагирии он дастаҳои ширкаткунандаи бозии ниҳоии мусобиқа маълум шуданд. Дар бозии финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон, ки имрӯз,   18  март  баргузор мешавад, дастаҳои  футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб барои ҷоизаи аслӣ сабқат менамоянд.

Дастаҳои футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, ки дар ҳар се бозиаш пирӯз шуд, бо 9 имтиёз дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро соҳиб   шуда,  ба финал баромад. Дастаҳои футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо  7 имтиёз дар гурӯҳи «Б»  ғолиб гардид. Дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  низ 7 имтиёз ба даст овард ва дар гурӯҳи «А» ҷойи аввалро ба даст овард. Вале бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо дастаи футболи   «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  ба финал роҳ ёфт.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2022

Марҳилаи гурӯҳӣ

Гурӯҳи «А»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Эсхата» (Хуҷанд) 3 2 1 0 7-4 7
2 «Файзканд» (Восеъ) 3 1 2 0 3-2 5
3 Тоҷикистон (U-20) 3 1 0 2 4-5 3
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 0 1 2 5-8 1

Гурӯҳи «Б»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 3 2 1 0 21-2 7
2 «Истаравшан» (Истаравшан) 3 2 1 0 14-3 7
3 «Истиқлол — ҷавонон» (Душанбе) 3 1 0 2 3-11 3
4 «Гулистон» (Гулистон) 3 0 0 3 3-25 0

Гурӯҳи «В»

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 3 3 0 0 12-4 9
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3 1 1 1 4-4 4
3 КМВА (Душанбе) 3 1 1 1 3-5 4
4 «Равшан» (Зафаробод) 3 0 0 3 4-10 0

Бозӣ барои ҷойи сеюм

14:30 – «Эсхата» – «Истаравшан». Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон-2»

Финал

14:30 – «Хатлон» – «Равшан» (Кӯлоб). Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон-1»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Latest news

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид....

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова...

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи...

Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал...

Related news