4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Имрӯз Муҳаммадхуҷа Яқубов баҳри дарёфти унвони номзад ба чемпиони ҷаҳон бо ҳарифи амрикоияш рақобат мекунад

Имрӯз, 18 март дар шаҳри Дубай дар доираи сабқати Probellum Evolution муштзани маъруфи тоҷик Муҳаммадхуҷа Яқубов (18-0) ва О’Шаки Фостери амрикоӣ (18-2) баҳри дарёфти унвони номзад ба чемпиони ҷаҳон аз рӯи фарзияи WBC вориди ринг мешаванд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев хабар дод.

Рақобати варзишгарон аз рӯи вазни дуюми миёнаи сабук (59 кг) баргузор мешавад. Муҳаммадхуҷа Яқубови тоҷикистонӣ кайҳо боз зери фарзияи WBC рақобат мекунад – соли 2018 ӯ қаҳрамони байналмилалии Шӯрои муштзанони умумиҷаҳонӣ (WBC) шуда, панҷ маротиба муваффақона унвонашро дифоъ намуд, ки ду маротибаашон ба соли қаблӣ иттифоқ афтод. Фостер соҳиби унвони чемпиони Шӯрои умумиҷаҳонии муштзанон (WBC) дар соли 2019 буда, як маротиба унвонашро дифоъ намудааст.

Дар мавриди рақобат Яқубов ва Фостер дар Конвенсияи ҳарсолаи 59-умини WBC ба мувофиқа расида буданд.

Мавриди зикр аст, ки Муҳаммадхуҷа Яқубов муштзани касбиест, ки айни ҳол дар Русия зиндагиву тамрин менамояд. Ин варзишгар дорандаи якчанд унвонҳои минтақавӣ ва миёни ҷавонон аз рӯи фарзияҳои WBC, WBA, IBF ва WBO мебошад.

Дар оғози баргузории рақобат Яқубов ва Фостер муваффақона рафти вазнкаширо паси сар намуданд. Маълум гардид, ки намояндаи RCC Boxing Promotions Муҳаммадхуҷа Яқубов (18-0) 58,8 кг ва Фостер — 58,85 кг вазн дорад.

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news

503 Service Unavailable

Service Unavailable

The server is temporarily unable to service your request due to maintenance downtime or capacity problems. Please try again later.

Additionally, a 503 Service Unavailable error was encountered while trying to use an ErrorDocument to handle the request.