3.1 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

ДӮСТИИ ҶАВОНОНИ ҶАҲОН ПОЯНДА БОД! Дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара ва Темурмалик Фестивали ҷавонони хориҷӣ доир шуд

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз 17-18 март бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара ва Темурмалики вилояти Хатлон бо ҳамкорӣ ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод» бо иштироки донишҷӯёни хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсил доранд ва ҷавонони минтақаҳои ҷумҳурӣ Фестивали чоруми дӯстии ҷавонони хориҷӣ баргузор гардид.

Тавре дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баргузории ин фестивал имкон дод, то ҷавонони гуногункасб дар як муҳит ҷамъ омада, аз бурду бохт ва дастовардҳои хеш барои ҳамсолон ва ҳамкасбон ибрози андеша намоянд, бо расму оин ва анъанаҳои таҷлили Наврӯз, фарҳангу тамаддуни бою пурғановат ва русуми меҳмоннавозии миллати тоҷик ошноӣ пайдо намуда, дӯстиву рафоқат ва ҳамдилию ҳамбастагӣ миёни онҳо қавӣ гардад. Ин майдон шароити мусоиди табодули маълумот, таҷрибаомўзӣ, шиносоӣ, фароғат, таҳкими дўстӣ, ҷаҳонбинӣ ва оғози ҳамкории навро барои ҷавонони кишварҳои гуногун фароҳам меорад.

Дар фестивали мазкур намояндагон аз кишварҳои гуногуни дунё, аз ҷумла, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Афғонистон, Беларус, Непал, Финландия, Покистон, Канада, дар умум 50 нафар ҷавонони хориҷӣ ва 80 нафар ҷавонони манотиқи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар қисмати асосии фестивал, ки субҳи имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баргузор гардид, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ҳамаи иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми ҷавонону варзишгарони кишварро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуд.

Дар қисмати фарҳангии фестивал аз ҷониби ҷавонони хориҷии дар Тоҷикистон таҳсилдошта ва ҷавонони соҳибистеъдоди тоҷик суруду таронаҳо бо забонҳои гуногун ва расму анъанаҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бахшида ба ин иди байналмилалӣ пешкаш карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки дар доираи барномаи фестивал дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Данғара ва Темурмалик якчанд барномаҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, сайёҳӣ ва намоишӣ баргузор карда шуд.

АКСҲО: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news