2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли вохӯрӣ анҷом дод

 Лоиҳаи наве, ки Бонки ҷаҳонӣ бо намояндагони соҳаи маорифи Тоҷикистон таҳти унвони  «Муҳити омӯзиш заминаи таҳсилоти босифат»  таҳия карда истодааст,  50 млн долларро дар бар мегирад. Лоиҳаи зикргадида бо  мақсади  такмил, тақвияти сифат ва устуворӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад. Гурӯҳҳои кории ҳар дуҷониб корро ба таври мунтазам идома дода истодаанд, то ин ки лоиҳаро барои тасдиқ ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн ва ё июли соли 2022 пешниҳод намоянд. Дар ин бора зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли, ки 17 март дар Вазорати маориф ва илм доир гардид, хабар дода шуд.

Тавре МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми мамлакат иттилоъ медиҳад, дар вохӯрии мазкур  ҳамзамон  муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Бонки ҷаҳонӣ дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ Вазири маориф ва илм Раҳим  Саидзода  иброз дошт, ки Бонки ҷаҳонӣ давоми 20 сол аст, ки бо Вазорати маориф ва илм ҳамкориро ба роҳ монда,  ҷиҳати рушди соҳа як зумра  корҳои судмандро анҷом додааст.

«Лоиҳаҳои гузариши муассисаҳои таълимӣ ба маблағгузории меъёрӣ, низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф, таъсиси Маркази миллии тестӣ ва таҳияи низоми ягонаи имтиҳонсупорӣ тавассути ин марказ, таълими муносибати босалоҳият, коркарди лоиҳаи низоми баҳогузории синфҳои ибтидоӣ, татбиқи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, аз курсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзӣ гузаронидани беш аз 6 ҳазор омӯзгор, нашри беш аз 9 миллион китоби дарсӣ, таъмиру сохтмони беш аз 300 муассисаи таълимӣ аз зумраи онҳост», -афзуд Раҳим  Саидзода.

Вазири маориф ва илм ҳамчунин гуфт, ки «бо вуҷуди корҳои анҷомёфта ҳанӯз ҳам чанд мушкилоте ҷой дорад, ки дар ҳамбастагӣ бояд ҷиҳати рафъи онҳо мусоидат намуд ва яке аз онҳо бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ норасоии ҷойи нишаст ва зарурати сохтмони муассисаҳои таълимӣ мебошад».

-Умедворем, ки Бонки ҷаҳонӣ дар бунёду таҷдиди муассисаҳои нави таълимии замонавӣ моро дастгирӣ хоҳад кард. Айни замон, муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ё маҳаллаҳои зиёди навбунёд аст, ки ниёз ба сохтмони мактабҳои нав доранд. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти номбаршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешида истодааст ва ба бахши хусусӣ тамоми имтиёзҳо дода шуда, ҳамкорию дастгирии шарикони рушд низ назаррас аст,- илова кард вазир.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли зикр кард, ки дар низоми кории Бонки ҷаҳонӣ инсон сармояи асосӣ маҳсуб  шуда,  маорифро яке аз сутунҳои асосии ин сармоя меҳисобанд. Озан Севимли ҳамзамон таъкид намуд, ки аҳамияти сармоягузорӣ ба сармояи инсон дар сандуқи ҷорабиниҳое, ки Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон амалӣ мекунад, афзуда истодааст.

-Айни замон дар кишвар  лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” амалӣ гардида  истодааст.  Дар бораи лоиҳаи “Рушди бармаҳали кӯдак” бояд гуфт, ки ин лоиҳа аллакай фаъолияти худро оғоз кардааст ва айни ҳол мо таъсири онро мушоҳида карда истодаем, — зимни суҳбати онлайнӣ  гуфт  роҳбари амалияҳои Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо Ҳари Патронис.

Дар охир ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд ва таъкид доштанд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ тамоми  тадбирҳои заруриро меандешанд.

Аксҳо: Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news