4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Дар Душанбе оид ба фарҳанги истифодаи Интернет ва бехатарии наврасон дар шабака мулоқот доир шуд

Бо ибтикори Маркази рушди касбияти Муассисаи таълимии давлатии «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дарс – вохӯрии номзади илмҳои педагогӣ, директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Шавкат Каримзода дар мавзӯи «Фарҳанги истифодаи Интернет ва бехатарии наврасон дар шабака» бо хонандагони муассиса баргузор гардид, хабар медиҳад МД  «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Шавкат Каримзода зимни суҳбати озод бо хонандагон зикр намуд, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ташкили махзани рақамии ягонаи маводи таълимии электронӣ, рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи мунтазам аз нав таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва ташкили торнамои (портали) ягонаи итгилоотии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ равона гардидааст.

Аз ин рӯ ҳамасола барои ба низоми ягонаи иттилоотию коммуникатсионӣ ворид гардидани соҳаи маорифи пойтахт якчанд барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо қабул карда шуданд.

“Насли наврасро зарур аст, ки бо истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотӣ ба илмомӯзӣ, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ рӯй оварад ва дар оянда ба пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзишу аз худ кардани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва навовариву ихтироъкорӣ такя намуда, мутахассиси соҳибкасб гардад. Дар шароити имрӯза, ки талабот ба кадрҳои соҳибкасб дар бозори меҳнат зиёд мешавад, хонандагонро зарур аст, ки илмҳои замонавиро аз худ намуда, ба стандартҳои байналмилалӣ баробар гарданд”,-афзуд мавсуф.

Дар идома миёни Шавкат Каримзода ва хонандагон суҳбати самимӣ доир гардида, хонандагон озодона саволҳои худро пешниҳоди меҳмон гардониданд. Хонандагони Муассиса бобати интихоби бошууронаи касб, роҳҳои муваффақ гардидану соҳибихтисос гаштан ва усулҳои аз худ намудани илмҳои муосиру забонҳои хориҷӣ мароқ зоҳир намуданд.

Дар муассисаи мазкур бо мақсади омодагии хонандагон ба фаъолияти мустақилона, дуруст интихоб намудани касб Маркази рушди касбият таъсис дода шудааст, ки вазифаи асосии он бевосита маълумоти мушаххас додан оид ба касбу кори гуногун, мусоидат дар интихоби дурусти касб, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо шахсони  муваффақ дар ҷодаи фаъолияти касбӣ ва машварати касбӣ мебошад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news