Тавре қаблан хабар додем, 2 март дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон оғоз гардид, ки то 14 март идома меёбад.
Дар доираи Чемпионати Осиё варзишгари тоҷик Анушервон Фозилов (-46кг) дар даври нимниҳоӣ Камолови қирғизистониро шикаст дода, ба финал баромад. Ӯ дар ҳаштякфинал варзишгари Муғулистон, дар чорякфинал варзишгари Ироқро мағлуб намуда буд.
Варзишгарони дигари тоҷик Рустамҷон Ашуров ва Руслан Ғафуров дар даври ½-ниҳоӣ шикаст хӯрда, сазовори медали биринҷӣ шуданд.
Имрӯз дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон дар кишвари Уммон чор варзишгари тоҷик баромад мекунанд. Муштзанони тоҷик Абдураҳим Ёқубов (-60кг) бо намояндаи Узбекистон Сӯҳроб Аминов, Юсуф Фозилов (-71кг) бо Егор Егоров аз Қазоқистон, Раҳматулло Бойматов (-75кг) бо Нурланбек Эрматови узбек ва Акмалҷон Абдувалиев (-86кг) бо намояндаи Узбекистон Ҷамолиддин Қазоқов вориди майдон мешаванд.
АКС: КМО Тоҷикистон