4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Тоҷикистон ҳамкориро бо Фонди Иқлими Сабз густариш медиҳад

Таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди Иқлими Сабз 2 март зимни мулоқоти  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва директори Департаменти кишварҳои барномаҳои Фонди Иқлими Сабз хонум Каролина Фуэнтес дар шаҳри Найробӣ- пойтахти Кения баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мулоқот дар ҳошияи иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.

Мусоҳибон лоиҳаҳои ҷории Фонди Иқлими Сабз дар  Тоҷикистон, самтҳои асосии ҳамкорӣ, инчунин самтҳои пешбинишавандаи густариши ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Иқлими Сабзро баррасӣ намуданд.

Хонум Каролина Фуэнтес фаъолият ва дастгирии муваффақи Фонди Иқлими Сабз дар Тоҷикистонро махсус зикр намуда, гуфт, ки  Тоҷикистон яке аз шарикони фаъол дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавии он мебошад.

Дар анҷом Баҳодур Шерализода аз хонум Фуэнтес даъват намуд, ки дар доираи чорабиниҳои минтақавии соли 2022 ба нақша гирифташуда аз Душанбе дидан намояд.

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news