2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

КИМ ҲХДТ дар Душанбе барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Чароғи маърифат» баргузор намуд

Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё-2022 оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон, ки дар пойтахти Урдун — шаҳри Аммон идома дорад, 6 муштзани тоҷик ба майдон баромада, 4 нафарашон пирӯз шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши МД «Ҷаҳоннамо» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Дар рӯзи дуюми рақобатҳо нахуст аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Меъроҷ Зоидов дар вазни 48 кг ба ринг баромад. Ҳарифи ӯ дар даври якуми мусобиқа намояндаи кишвари Тайланд — Титиват Флонгаурай буд. Дар ин майдондорӣ варзишгари мо бо ҳисоби 5 бар 0 зафар ёфт ва роҳи худро ба марҳилаи навбатии Чемпионати Осиё рушан сохт. Варзишгари дигари мо Асламҷон Қурбонов дар вазни 51 кг дар вохӯрии аввали худ бар муқобили намояндаи Филиппин Ҷон Вайн Гентугао Висер ба ринг баромад. Ба зӯри бозуи Асламҷон Қурбонов ҳарифи филиппиниаш тоб оварда натавонист ва дар охир аз рӯи имтиёзҳои бештар муштзани мо пирӯз гардид. Асламҷон Қурбонов низ муборизаро барои дарёфти медали Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон идома медиҳад.

Дар вазни 54 кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро Бузургмеҳр Иксанов намояндагӣ кард. Муштзани мо дар вохӯрии аввал дар Чемпионати Осиё бо намояндаи Покистон Афзал Хан қувва санҷид. Дар охир ин варзишгари тоҷик низ бо қарори якдилонаи доварон дастболо шуда, ба марҳилаи навбатӣ баромад.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҳамчунин рақобатҳои даври якуми варзишгарони вазни 57 кг баргузор шуданд. Дар ин вазн Тоҷикистонро Абубакр Муродов намояндагӣ кард. Ӯ бо варзишгари қазоқистонӣ Бахтиёр Анарбоев дидор анҷом дод. Аммо муштзани мо дар ин муҳориба бо нокаути техникӣ дучори бохт шуда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид. Дар вазни 60 кг Абдураҳим Ёқубов рақобати якуми худро бар муқобили намояндаи Тайланд — Фисит Паочантук анҷом дод. Варзишгари мо дар ин дидор аз аввал то анҷом бартарии зиёд нишон дод. Бо қарори якдилонаи доварон ҳисоб 5 бар 0 ба суди муштзани тоҷик гардид ва ҳамин тариқ Абдураҳим Ёқубов низ ба даври навбатии Чемпионати Осиё роҳхат пайдо кард.

Дар вазни 67 кг муштзани тоҷик Анӯшервон Ақназаров аз варзишгари Ироқ — Каррар Ҳайдер Исмоил Исма мағлуб шуд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Хотиррасон мекунем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон ва ҷавонон, ки дар шаҳри Аммони Урдун идома дорад, 27 варзишгар муаррифӣ мекунанд.

Рақобатҳои мазкур то 14 март идома меёбанд.

Акс аз манбаъҳои боз

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news