8 C
Tajikistan
Monday, September 25, 2023

Дар Вазорати рушди иқтисод ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Уммон баррасӣ гардид

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Сафири навтаъйини Салтанати Уммон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар Теҳрон) Иброҳим ибни Аҳмад ал-Муайнӣ мулоқот намуд, ки зимни он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бахусус зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли обҳои минералӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин таҳия ва ба имзо расонидани ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.

А. Абдураҳмонзода пешниҳод намуд, ки аз ҷониби сармоягузорони уммонӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба корхонаи коркади нафти ҶДММ «ТК Ойл» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва таъмини нафти хом бо шартҳои имтиёзнок барои коркарди минбаъдаи он мусоидат сурат гирад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби сафир хуш пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд

Тавре қаблан хабар додем, 22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф,...

Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи...

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт...

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун...

Related news