4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Беш аз 100 ширкату корхонаҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия дар Форуми сайёҳӣ дар Истанбул иштирок намуданд

Беш аз 100 ширкату корхонаҳои соҳаҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия дар Форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия, ки 3 март дар меҳмонхонаи «CVK Park Bosphorus»-и Истанбул доир гардид, иштирок намуданд. Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафаш тақвияти ҳамкории ду кишвар дар бахши сайёҳӣ мебошад.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар қисмати расмии форум муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Надир Алпаслан, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов ва Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл сухан намуда, баргузории форуми сайёҳиро қадами муассир дар таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар бахши сайёҳӣ арзёбӣ намуданд.

Дар Форуми сайёҳӣ коршиносону масъулини соҳаи туризми Тоҷикистон ва Туркия бо пешниҳоди рӯнамо ва наворҳои ҷолиб вобаста ба табиати нодир ва дигар имконияти сайёҳии ҳарду давлат ибрози назар намуданд.

Дар ҳошияи Форуми сайёҳӣ 12 ширкати тоҷикию туркӣ «Намоишгоҳи мавод ва маҳсулоти ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия»-ро ташкил намуданд.

Инчунин дар доираи Форуми сайёҳӣ вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия дар сиғаи «B2B» ва бо мақомоти марбутаи ҷонибҳо дар сиғаи «B2G» ташкил гардида, ширкатҳо имкон пайдо намуданд, ки санадҳои ҳамкорӣ ба имзо раcонанд.

Дар анҷоми Форуми сайёҳӣ ба иштирокчиён зиёфат бо пахши наворҳои муаррифи табиату фарҳанг ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия ташкил карда шуд.

АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news