-10.6 C
Tajikistan
Friday, December 1, 2023

Руминия, Малайзия, Корея ва Озарбойҷон барои шаҳрвандони Тоҷикистон озмуни бурсияҳо эълон намуданд

 Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилии муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Малайзия, Корея ва Озарбойҷон дар соли таҳсили 2022-2023 оғоз гардид.

Ҳамчунин Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж, Донишгоҳи давлатии Олтой, Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Пенза, Донишгоҳи давлатии Новгород ва дигар донишгоҳҳои олӣ ва илмии Федератсияи Русия омодаанд шаҳрвандони ҷумҳуриро аз рӯи равияҳои дақиқ, табиии риёзӣ, гуманитарӣ ва коркарди технологияҳои навин ба тариқи ройгон ба таҳсил фаро гиранд.

Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба диққати довталабон мерасонад, ки муассисаҳои олӣ ва илмии давлати Руминия аз рӯи зинаҳои гуногуни таҳсил қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ҷиҳати иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023 эълон намудаанд.

Руминия эълон доштааст, ки гирандагони стипендияҳое, ки аз ҷониби ин давлат барои таҳсил дар зинаи бакалавр ва магистр дар донишгоҳҳо қабул мешаванд, бо мақсади тарғиби забон ва фарҳанги руминӣ бо ин забон таҳсил мекунанд.

Инчунин докторантҳо метавонанд таҳсилро бо забони руминӣ ё забони хориҷии муқаррарнамудаи барномаи докторӣ интихоб кунанд. Барои номзадҳое, ки забони руминиро намедонанд, барои омӯхтани забони руминӣ пеш аз таҳсил дар донишгоҳ, ба истиснои дорандагони стипендияҳои докторӣ, ки шакли таҳсили забони хориҷии дар докторантура муқарраршударо интихоб кардаанд, як сол барои омӯзиши забони руминӣ ба тариқи ройгон пешбинӣ шудааст.

Довталабон метавонанд барои маълумоти муфассал ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

 14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд

14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ба истифода доданд

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — шаҳраки...

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид

Субҳи 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию...

Related news