4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Маркази миллии тестӣ: Ба нақшаи қабули ИМД соли таҳсили 2022-2023 тағйиру илова ворид шуд

Ба нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2022-2023 тағйирот ворид гардидааст, иттилоъ доданд аз котиби маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Абдусаломзода.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, вобаста ба тағйироти баамаломада номи баъзе аз муассисаҳои таълимӣ тағйир ёфта, инчунин баъзе ихтисосҳо аз феҳристҳо хориҷ гардиданд ва ба феҳристҳо якчанд комбинатсияи ихтисосҳои нав ворид карда шуд. Тағйироти дигари баамаломада кам шудани маблағи шартномаи таҳсил дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳост.

Гуфта шуд, ки ба низоми ИМД Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ғайридавлатӣ) ворид карда шуд, ки комбинатсияи ихтисосҳои он низ дар маводи қаблан чопшуда мавҷуд нест.

Ин тағйиру иловаҳо баъд аз чопи дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ворид гардиданд. Ба довталабон тавсия медиҳем, ки барои интихоби ихтисосҳо аз феҳристҳое, ки дар шакли чопӣ дар ҳар нуқтаи бақайдгирӣ дастрасанд, истифода намоянд. Нусхаи электронии феҳристҳои комбинатсияҳои ихтисосҳо дар сомонаи марказ низ бо дарназардошти тағйиру иловаҳои зикршуда ҷой дода шудаанд.

Инчунин ба шахсоне, ки комбинатсияҳои ихтисосҳоро бо истифода аз гунаи чопии дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» аллакай интихоб кардаанд, тавсия дода мешавад, ки бори дигар интихобҳояшонро бо истифода аз маводи нави нуқтаҳои бақайдгирӣ ё дар сомонаи Марказ ҷойдошта муқоиса намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news