3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Кодекси нави андози Тоҷикистон ба соҳибкорон ва сармоягузорон муаррифӣ гардид

Бо мақсади муаррифии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ба соҳибкорону сармоягузорон бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо Вазорати молия, Кумитаи андоз, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Шӯрои тиҷоратии ИМА ва Тоҷикистон бо аҳли намояндагии зиёда аз понздаҳ ширкати амрикоӣ дар шакли маҷозӣ мулоқот баргузор карда шуд.

Вохӯрӣ бо суханони ифтитоҳии муовини раиси Кумита Хуршедаи Қодир, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фаррух Ҳамрализода ва директори иҷроияи Шӯрои тиҷоратии ИМА ва Тоҷикистон (USTJBC) Елена Сон оғоз шуда, дар робита ба ҳолати муносибати ҳамкории кишварҳо ва рушди густурдаи минбаъдаи онҳо табодули афкор анҷом дода шуд.

Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки аз 1 январи соли 2022 дар ҷумҳурӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт, ки дар таҳияи он коршиносони маҳаллию байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Осиёгии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва дигар шарикони тиҷоратӣ ҷалб гардиданд. Он дар заминаи омӯзиши таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя тарҳрезӣ гардида, таклифу пешниҳодҳои намояндагони бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва ташкилоти молиявӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Изҳор гардид, ки ҳадаф аз таҳия ва қабули санад- ин ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар, сода ва оммафаҳм намудани муқаррароти он, муносибгардонии меъёрҳои андоз ва пешбинӣ гардидани имтиёзҳои иловагӣ барои бахши хусусӣ, ки дар маҷмӯъ мувозинатро миёни сиёсати фискалӣ ва ҳавасмандгардонии сармоягузорию бахши хусусӣ таъмин мекунад, маҳсуб мешавад.

Зимнан, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА оид ба муқаррароти маъмурикунонии расмиёти андоз, меъёрҳои андозӣ ва амалигардонии сиёсати раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ рӯнамо манзур намуданд.

Дар ҷамъбаст зикр карда шуд, ки дар шароити имрӯза баргузор намудани чунин чорабиниҳо муҳим буда, дар назар аст, ки дар ояндаи наздик аз рӯи соҳаҳо байни бахши хусусии ду кишвар силсилавохӯриҳои маҷозӣ ташкил карда шаванд.

АКС аз бойгонии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news