-13.3 C
Tajikistan
Wednesday, March 22, 2023

Вакили Маҷлиси намояндагон бо хонандагони Гимназияи №1-и шаҳри Душанбе дарс – вохӯрӣ гузаронид

24 феврал баҳри беҳтар намудани фаъолияти таълимӣ дар Гимназияи №1, ҳамоҳангсозии фаъолият ҷиҳати тарбияи насли наврас ва бедор намудани шавқи онҳо ба самтҳои афзалиятноки илм ва интихоби дурусти касб дарс – вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Меликова бо хонандагони муассиса баргузор гардид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ Парвина Меликова бо хонандагон суҳбати озод намуда, гуфт, ки рӯй овардани насли наврас ба илм, илмомӯзӣ ва бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ қадами устуворест барои рушди ояндаи кишвар. Ин иқдом имконият медиҳад, ки мутахассисони ҷавони болаёқат дар арсаи ҷаҳонӣ иқтидори рақобатпазирӣ пайдо намоянд. Аз ин рӯ хонандагонро зарур аст, ки ба илмомӯзӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, ба пешбарии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзишу аз худ кардани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва навовариву ихтироъкорӣ такя намуда, дар оянда мутахассиси соҳибкасб гарданд. Дар шароити имрӯза, ки талабот ба кадрҳои соҳибкасб дар бозори меҳнат зиёд мешавад, хонандагонро зарур аст, ки илмҳои замонавиро аз худ намуда, ба стандартҳои байналмилалӣ баробар гарданд.

Дар идома миёни Парвина Меликова ва хонандагон суҳбати самимӣ доир гардид, ки зимни он хонандагон озодона саволҳои худро пешниҳод намуданд.

Хонандагони муассиса ба масъалаҳои интихоби бошууронаи касб, роҳҳои муваффақ гардидану соҳибихтисос гаштан ва усулҳои аз худ намудани илмҳои муосиру забонҳои хориҷӣ мароқ зоҳир намуданд.

Дар муассисаи мазкур бо мақсади омодагии хонандагон ба фаъолияти мустақилона ва дуруст интихоб намудани касб Маркази рушди касбият таъсис дода шудааст, ки вазифаҳои асосии он маълумоти мушаххас додан оид ба касбу кори гуногун, мусоидат дар интихоби дурусти касб, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо шахсиятҳои муваффақ дар ҷодаи фаъолият ва машварати касбӣ мебошад.

АКС: Сарраёсати маорифи ш. Душанбе

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news