4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ барои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2226 иншооту биноҳо бунёд гардиданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Артиши миллӣ тазаккур доданд, ки тайи даврони истиқлолият барои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар маҷмӯъ, 2226 иншооту биноҳо бунёд гардиданд.

Дар идома Пешвои миллат зикр карданд, ки дар натиҷаи бунёд кардану ба истифода супоридани иншооти зикршуда ҳоло шароити хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ дар муқоиса бо солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб беҳтар гардидааст.

Бо дарназардошти вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза ва торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла, терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин дастрасии гурӯҳҳои террористӣ ба яроқу аслиҳаи муосир, Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишварамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар ин раванд Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо ба муҳайё намудани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем.

Дар замони истиқлол зиёда аз 3500 оилаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо манзили истиқоматии хизматӣ ва қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудаанд.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъминоти моддӣ ва дастгирии иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Бо ин мақсад аз 1 январи соли 2022 маоши амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз зиёд карда шуд.

Ҳукумати мамлакат дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро дар оянда низ идома дода, барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, навсозии техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ ва бо ҳамин роҳ пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии кишвар ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news