-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: Вазъияти имрӯза аз Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омодабошии доимии ҷангӣ ва донишу малакаи баланди касбӣ тақозо менамояд

Вазъияти минтақа ва ҷаҳони имрӯза, ки хусусан, вақтҳои охир зудтағйирёбанда, пешгӯинашаванда ва пур аз рӯйдоду ҳолатҳои ғайричашмдошт гардидааст, аз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омодабошии доимии ҷангӣ ва донишу малакаи баланди касбӣ тақозо менамояд. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт зимни суханронӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд.

Дар баробари ин, Сарвари давлат тазаккур доданд, ки амалҳои мудҳиши террористие, ки дар кишварҳои орому осуда рух дода истодаанд, нишон медиҳанд, ки ҳар гуна давлат, сарфи назар аз сатҳи инкишофу иқтидор метавонад дар муддати кӯтоҳ зери таъсири равияву ташкилоти террористиву ифротгароӣ осебпазир гардад.

«Мо возеҳан мушоҳида мекунем, ки ноором сохтани вазъият аз ҷониби чунин гурӯҳу равияҳо чӣ гуна натиҷаҳои харобиовар оварда, боиси ҳалокати ҳазорон нафар аҳолии осоишта мегардад», — зикр карданд Пешвои миллат.

Дар чунин шароит, ба таъкиди Президенти мамлакат, ҳар хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадор аст, ки ба иҷрои вазифаи худ бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ муносибат карда, барои таъмин намудани амнияти Ватан, пойдории сулҳу субот, зиндагии осудаи мардуми кишвар ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода ва зираку ҳушёр бошад.

Дар шароити таҳаввулоти имрӯза дар баробари омодабошии баланди ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаҳои вобаста ба ташкили босифати чорабиниҳои сафарбарӣ ва омодагии сохторҳои мудофиаи ҳудудӣ бояд таҳти таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дода шаванд.

Дар ин робита Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифаи бошарафу муқаддаси худ — ҳимояи Ватан, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news