0 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд

23 феврал дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат оид ба таърихи 29 соли дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод, неруи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтанаш андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми сипосгузори тоҷик хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои дифои Ватан ҷоннисорӣ кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро пос медоранд.

Имрӯз мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд ва Артиши миллии бисту нуҳ сол пеш таъсисдодаи мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод ва муназзаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст, — иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастовардҳои 30 соли Истиқлоли давлатӣ таъкид карданд, ки ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба чунин ҷашнҳои бузург, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгириҳои давлатии сарбозону афсарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барои хизмат ва зиндагии онҳо тамоми шароити моддӣ ва маънавиро таъмин карда истодааст. Аз ҷумла, барои хизматчиён даҳҳо адад манзилҳои истиқоматӣ бунёд, маоши вазифавии онҳо баланд бардошта шуда, хизматҳои шоиставу содиқонаи сарбозону афсарон бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда шуд.

Дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳо иншооти таъйиноти гуногун сохта шуда, бо техникаву лавозимоти муосири ҳарбӣ таъмин карда шуд. Дар натиҷаи бунёд кардану ба истифода супоридани иншооти зикршуда ҳоло шароити хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ дар муқоиса бо солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб беҳтар гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вобаста ба таҳдиду хатарҳо ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбиро вазифадор карданд, ки ба масъалаҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбияи афсарони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ дошта бошанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор доштанд, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифаи бошарафу муқаддаси худ — ҳимояи Ватани маҳбубамон, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади идонаро ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги кишвар шукӯҳи тоза бахшид, ки туҳфаи арзандае барои афсарону сарбозони содиқи ҷумҳурӣ мебошад.

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...