2.9 C
Tajikistan
Wednesday, October 4, 2023

СММ омода аст дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои рушди Тоҷикистон мусоидат намояд

 21 феврал вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори минтақавӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дафтари ҳамоҳангсозии рушди СММ хонум Гви-Йоп Сон баргузор гардид, ки зимни он мусоҳибон корҳои омодагиро ҷиҳати баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон муҳокима намуданд. Дар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

З. Завқизода ба хонум Гви-Йоп Сон барои ҳамкории мутақобилан судманд вобаста ба амалӣ намудани ҳадафу афзалияти кишвар миннатдорӣ баён намуд.

Пешниҳод гардид, ки дар Барномаи кишварии оҷонсиҳои СММ барои солҳои минбаъда ҳадафу афзалияти стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди «иқтисоди сабз» ва иқтисоди рақамӣ ба инобат гирифта шаванд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои омодагӣ ба пешниҳоди Ҳисоботи ихтиёрии (VNR) дар СММ дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор, ки соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хонум Гви-Йоп Сон омодагии Созмони Милали Муттаҳид ва оҷонсиҳои онро барои мусоидат дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалияти рушди кишвар ва баргузории чорабиниҳои мазкур баён намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт

5 октябр дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ҷойи ифтихору фараҳмандӣ аст, ки дар рӯзгори соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони...

Директори Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд

 Вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба рушди содироти молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид гардидани он ба бозори ҷаҳонӣ...

Дар Душанбе вобаста ба хусусияти экологии гуногунии биологӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

 Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Хусусияти экологии гуногунии экологӣ»  конференсияи X байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар конференсия ...

СУРАТГУЗОРИШ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» омода мебошад

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад. Дар айни...

Related news