2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Сироҷиддин Муҳриддин ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

 21 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Парлумони Аврупо, ки дар Душанбе таҳти роҳбарии раиси Кумитаи корҳои байналмилалии Парлумони Аврупо Дэвид Макаллистер қарор доранд, мулоқот намуд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ мавзӯоти муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин вазъ дар минтақа ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, дар Брюссел 8 феврал Сафири Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода бо Раиси Кумитаи равобити байналмилалии Парлумони Аврупо Дэвид Макаллистер мулоқот намуда буд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъ ва дурнамои равобити ИА ва Тоҷикистонро, аз ҷумла дар бахши умури парлумонӣ баррасӣ намуда, ният ва нақшаҳои хешро ҷиҳати рушду густариши онҳо иброз доштанд.

Қисмате аз мусоҳиба ба мавзӯъҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва марзи ду кишвар рабт дошт. Мусоҳибон дар масъалаи зарурати ҳалли масоили баррасишуда ба нафъи сулҳу суботи минтақа ва рушду инкишофи кишварҳои он ҳамфикр буданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news