2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Маҷлиси намояндагон бо мақсади ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли масъалаҳои экологӣ озмун эълон менамояд

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, хусусан маърифати экологӣ Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтаринро дар мавзӯи «Маърифати экологӣ» дар самти ҳалли масъалаҳои экологӣ вобаста ба муҳим будани татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) эълон менамояд.

Тавре раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иттилоъ дод, озмун дар як давр аз 1 март то 1 декабри соли 2022 гузаронида мешавад. Асару мақолаҳо бояд мавзӯъҳои намунавии зеринро инъикос намоянд:

— дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳифзи муҳити зист,

— истифодаи оқилонаи захираҳои обии кишвар, ки дар паёмҳои ҳарсола баён гардидаанд;

— самтҳои асосии баланд бардоштани маърифати экологии аҳли ҷомеа;

— тарбия ва таълими донишҳои экологии насли наврас;

— такмили ихтисос ва донишҳои экологии масъулон ва мутахассисон;

— таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои тарбия ва маърифати экологӣ;

— мусоидати маърифати экологӣ ба рушди устувор;

— тарғиби омӯзиш ва фаҳмонидани аҳамияти тозагии муҳити атроф, аз ҷумла об.

Масъулони баргузории озмун Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияи расмии Маҷлиси Олӣ­ — «Садои мардум» мебошанд.

Матолиби интишоршуда бояд мавзӯъҳои рӯзмарраи вобаста ба ҳалли масъалаҳои экологиро инъикос намоянд. Зимни баррасии асар моҳият, мазмун, рӯзмарра будани масъалаҳои дар он дарҷгардида ва мувофиқати он ба ҳифзи манфиатҳои ҷумҳурӣ, ба чоп расидани он дар нашрияҳои маҳаллӣ, соҳавӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, инчунин вокуниши хонандагон ба матолиби дарҷшуда ба инобат гирифта мешавад.

Ҳамчунин иштирокчиёни озмун бояд мақола, гузориш ва асарҳои худро дар воситаҳои ахбори омма интишор намоянд.

Ғолибони озмун дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплому сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда мешаванд.

АКС: МН МО ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news