4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

14 феврал Кумитаи забон ва истилоҳот, Кумитаи кор бо занон ва оила, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва дигар идораҳо нишасти матбуотӣ доир менамоянд

14 феврал Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот соати 08:30 дар маҷлисгоҳи МД «Тоҷикфилм» (кӯчаи Беҳзод,25) баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Кумита (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3, собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) доир мешавад.

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм нишасти матбуотиро соати 11:00 дар Агентӣ (кӯчаи С.Айнӣ, 26) доир менамояд.

Нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ҶСК  «Шабакаҳои интиқоли барқ» соати 15:00 дар толори ШСХК «Барқи Тоҷик» барпо мегардад.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшуда, масъулини вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигаре, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд (хиёбони С.Шерозӣ 16, ошёнаи 2, тел: 238-54-23, 888-08-34-04 )».

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ҷаҳоннамо» — www.Jahonnamo.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news