3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Турсунзода: То ҷашни Наврӯз 120 омӯзгор ва 60 табиби эҳтиёҷманд соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ мегарданд

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ намудани омӯзгорону табибон дар шаҳри Турсунзода то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 120 нафар омӯзгор ва 60 нафар табиб бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд. Зеро тибқи маълумоти   масъулини сохтори маориф ва тандурустӣ, омӯзгорону табибоне, ки барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ пешниҳод гардидаанд, дар ҳақиқат эҳтиёҷманданд. Ин матлабро раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки барои  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ 427 иншоот  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ин иншоот 21 ададаш корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки дар онҳо 2083 нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар нишасти матбуотӣ изҳор гардид, ки дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026  дар назар дошта шудааст, ки дар шаҳри Турсунзода  шумораи корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ аз 50  ба 80 адад расонида шавад.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news