-10.6 C
Tajikistan
Thursday, February 9, 2023

Тоҷикистон ва Эрон муомилоти молии дуҷонибаро ба 500 миллион доллар мерасонанд

 Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Эрон соли 2021 ба 121 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли 2020 ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин бора 9 феврал дар Душанбе зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ ибрози назар карда шуд.

З. Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саид Иброҳим Раисӣ муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи иҷрои супориши сарони ҳарду давлат гардиши савдои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Эрон соли 2021 то ба 121 млн доллари ИМА расида ё 2 маротиба нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфт.

Ҷонибҳо ҷиҳати истифодаи пурра аз имконот ва иқтидорҳои мавҷуда вобаста ба таҳияи Харитаи роҳ оид ба афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба то 500 млн доллари ИМА ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ баён намуданд.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар навбати худ аз Вазири рушди иқтисод ва савдо даъват ба амал овард, ки зимни сафари корӣ ба Эрон аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла «Чобаҳор» ва шаҳракҳои саноатӣ дар шаҳрҳои Қазвину Машҳад ва вилояти Хуросон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи Эрон дар ин самт боздид намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикргардида изҳор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Мансур Мухтар: «Бонки исломии рушд раванди маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон идома медиҳад»

Мақсади сафари ҳайати Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон шиносоӣ бо татбиқи лоиҳаҳои дуҷонаба ва пешравиҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалисозии онҳо...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Мансур Мухтарро ба ҳузур пазируфтанд

6 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия муҳтарам Башар Асад...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган...

Related news