-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Солҳои 2022-2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди 20 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст

Солҳои 2022-2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди 20 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст. Ин нуктаро имрӯз Раиси ноҳия   Азизулло Исматзода зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи намояндагони ВАО баён намуд.

«Дар робита ба Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ қарори дахлдори раиси ноҳия ба тавсиб расид, ки тибқи нақша-чорабиниҳо, дар панҷсолаи минбаъда бунёди 20 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст», — гуфт ӯ.

Дар идома Азизулло Исматзода зикр намуд, ки ҳамасола теъдоди хонандагон беш аз 6 ҳазор нафар зиёд мешавад ва зарурат пеш меояд, ки ҳар сол 5 муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода диҳанд.

«Дар давраи ҳисоботӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ барои 735 ҷойи нишаст ва 5 синфхонаи иловагӣ дар назди таълимгоҳҳо сохта ба истифода шуданд. Ҳоло сохтмони 38 синфхонаҳои иловагӣ бо 936 ҷойи нишаст дар назди муассисаҳои таълимӣ идома дорад», — тазаккур дод раиси ноҳия.

Ҳамчунин маълумот дода шуд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ 109 ададро ташкил дода, ҳамагӣ дар соҳаи саноат 1634 нафар кормандон фаъолият доранд. Соли 2021 дар ноҳия 10 корхонаи саноатӣ бинобар сабабҳои фарсуда будани таҷҳизот ва рақобатнопазирии маҳсулот, ҳамчунин аз таъсири пандемияи COVID-19 аз фаъолият бозмонданд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news