7.1 C
Tajikistan
Monday, September 25, 2023

Намояндагони Арабистони Саудӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд ба Душанбе даъват шуданд

 10 феврал дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури бисёрҷонибаи байналмилалӣ Абдурраҳмон Ар-Рассӣ баргузор гардид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Дар мулоқот даъватномаи расмӣ ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 6-9 июни соли  2022 дар Душанбе баргузор мешавад, тақдим гардид», — таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” дар соли 2022 ҳамчун чорабинии муҳими ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 (Ню-Йорк) пешбарӣ мешавад.

Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

 АКС: ВКХ Тоҷикистон

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд

Тавре қаблан хабар додем, 22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф,...

Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи...

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт...

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун...

Related news