3.1 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

МТС барои тарбияи коршиносони ҳирфаӣ бо тамоми марказҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ ба роҳ мондааст

Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи коршиносони ҳирфаӣ донишҷӯёни зинаи бакалавр ва магистратураи мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифтааст. Ин нуктаро 10 феврал директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) Хайриддин Усмонзода зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи рӯзноманигорон баён намуд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар марказ бештар аз 13 нафар магистрони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон салиқаи таҳлили масъалаҳои иҷтимоию сиёсиро бо сарпарастии кормандони марказ пайдо карда истодаанд ва итминон дорем, ки онҳо чун коршиносони варзидаи соҳа тарбия меёбанд. Дар сурати омӯзиши пурра ва такмили донишҳояшон минбаъд МТС  онҳоро барои фаъолият дар ин ниҳод ҷалб менамояд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар самти таҳия ва омодасозии коршиносони ҳирфаии соҳавӣ бо тамоми марказҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Иттилоъ дода шуд, ки марказ бо якчанд ниҳоди таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳқиқоти стратегии Русия, Қазоқистон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон ҳамкории самарабахш дорад.

Имсол маҷаллаи нави марказ бо номи «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» бо теъдоди 16 мақола ба нашр мерасад.

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news