4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Аз шаҳру деҳоти Кӯлоб ба хориҷи Тоҷикистон беш аз 1050 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст

Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Кӯлоб соли сипаригардида дар майдони 45,8 гектар кишти барвақтии картошка гузаронида шуд, ки баробар ба 26,2 фоизи нақша мебошад. Дар шаҳри Кӯлоб 23 адад гармхона мавҷуд аст, ки масоҳаташон 1,35 гектарро ташкил медиҳад. Соли гузашта аз шаҳру деҳоти Кӯлоб ба хориҷи мамлакат зиёда аз 1050 тонна ё баробари 100 фоизи нақша маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуд. Дар ин бора 10 феврал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Бахтиёр Назарзода афзуд, ки айни ҳол дар майдони 189,45 гектар 57 хоҷагии моҳипарварӣ ташкил карда шуда, дар онҳо 206,9 ҳазор дона моҳича парвариш ёфта истодааст.

Шумораи занбӯри асали хоҷагиҳо ба 6975 оила расонида шуда, истеҳсоли асал соли гузашта 119,5 тоннаро ташкил дод. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 663,5 млн сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2020 16 млн сомонӣ зиёд буда, афзоиш 102,5 фоизро ташкил медиҳад.

«Соли 2021 бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз тамоми имконият пурсамар истифода намуда, 6 коргоҳи нав, аз ҷумла ҷӯроббофии «Ваҳдат-текстайл», дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли орд, обҳои ташнагишикан, дӯзандагӣ ва коркарди сангу шағал ба истифода дода шуданд. Дар минтақаи саноатии шаҳри Кӯлоб, ки майдони умумии он 6,9 гектарро ташкил медиҳад, бунёди 8 корхонаи истеҳсоли сангҳои ороишӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, консерваи меваю сабзавот, гипсокардон, истеҳсоли ҳасиб ва ғайра идома дорад»,- иброз намуд Бахтиёр Назарзода

Дар нишаст зикр шуд, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сохтмони корхонаҳои истеҳсолии қисмҳои эҳтиётии мошинҳо, коркарди намак, истеҳсоли равғани растанӣ ва набот ҷараён дорад. Тибқи таҳлилҳо, дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 309,7 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба як соли пеш 31,8 млн сомонӣ зиёд аст.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news