5 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Тоҷикистон ва Узбекистон дар бахши кирмакпарварӣ ва коркарди пилла корхонаҳои муштарак таъсис медиҳанд

Ҳайати Тоҷикистон аз ҷумлаи кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, корхонаҳои хусусии саноатӣ ва намояндагони лоиҳаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат 7 феврал аз Узбекистон дидан намуд. Дар ин бора ба МД «Ҷаҳоннамо» дар хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд.

Иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди истеҳсоли пиллаву атлас ва адрас, афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ, ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ ва табодули афкор миёни мутахассисони соҳа амалӣ карда шуд.

Тоҷикистон ва Узбекистон дар кишварҳои Роҳи Абрешим хуб маъруфанд. Аз давраҳои қадим дар ин кишварҳо ба истеҳсоли пилла, атласу адрас машгғул буданд, ҳоло ин самтҳо бомуваффақият дубора эҳё карда мешаванд.

Зимни боздид аз корхонаҳои истеҳсоли атласу адрас дар Узбекистон раванди дастгирии давлатӣ, низоми андозбандӣ, бозори фурӯш, раванди истеҳсолот, интихоб ва истифодаи нақшҳои матоъ, ҷалби тарроҳон ва содироти маҳсулоти тайёр баррасӣ ва омӯхта мешаванд.

Намояндагони Тоҷикистон аз қитъаи намунавии боғи тут, намоишгоҳи ашёи хом ва матоъҳои тайёр, либосҳои тарроҳӣ дидан намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин раванди таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи кирмакпарварӣ, коркарди пилла, истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ ва табодули таҷриба миёни тарроҳон баррасӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайат то 11 феврал идома ёфта, боздид аз корхонаву коргоҳҳои шаҳрҳои Тошканд, Марғелон ва Фарғона дар назар аст.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news