5 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 80 нафар ятими кулл дар шаҳри Гулистон туҳфаҳо тақдим намуданд

9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик»-и шаҳри Гулистон дар тарабхонаи наву замонавӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фарҳодҷон Шукуров бунёд гардидааст, бо 80 нафар ятимони кулл, ки сокинони шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт мебошанд, мулоқот намуданд.

Чун анъана Сарвари ятимпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари кориашон нахуст аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё месозад.

Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд. Ба 80 нафар ятимони кулл туҳфаҳои молию пулии Сарвари давлат тақдим карда шуд.

Наврасону ҷавонон бо шукргузорӣ аз Ватани ободу пешрафта изҳор доштанд, ки ғамхориҳои падаронаи Президенти мамлакатро ҳамеша эҳсос мекунанд. Барои тарбия ва ба камол расиданашон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда барои хизмат ба халқу ватан кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news