7.1 C
Tajikistan
Monday, September 25, 2023

Пагоҳ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ ва якчанд идораҳои дигар нишасти матбуотӣ доир менамоянд

 10 феврал  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳӣ соати 08:30 дар Кумитаи мазкур (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3, собиқ бинои Сарраёсати хазинадории  марказии Вазорати молияи ҶТ) доир мешавад.

Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотиро соати 09:00 дар Маркази мазкур  (хиёбони Рӯдакӣ, 89) баргузор менамояд.

Агентии авиатсияи гражданӣ нишасти матбуотиро дар якҷоягӣ бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 11:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе доир менамояд.

Пагоҳ, 10 феврали соли равон соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро  бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ҷаҳоннамо» —www.Jahonnamo.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд

Тавре қаблан хабар додем, 22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф,...

Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи...

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт...

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун...

Related news