Дандонҳои ҷилодор зебоии сурат ва латофати ҳуснро фузунӣ мебахшанд. Агар касе соҳиби дандони солим бошад, мегӯянд, ки ниме аз хушбахтиро дарёфт кардааст, зеро аз як сӯ метавонад ба ҳусни худ зебоӣ бахшад ва аз сӯи дигар, саломатӣ ва дурахши ҷавониашро ҷилва диҳад.
Ҳамасола 9 феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии стоматологҳо ҷашн гирифта мешавад. Ба таҳлили коршиносон, гирифторӣ ба бемории дандон рӯз то рӯз бештар мегардад. Таҷлили ин сана ба хотири эҳтироми мутахассисони соҳаи стоматология равона гардидааст.