2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Дар маркази таълимии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Рӯзи дарҳои кушод ташкил карда шуд

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист» Рӯзи дарҳои кушод ташкил карда шуд, иттилоъ  доданд дар бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба МД «Ҷаҳоннамо».

Дар он муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода ва муовини қисми ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ Нусратулло Каримов иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории  чунин чорабиниҳо талқини ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ миёни ҷавонон буда, баргузории он дар дигар қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ идома дорад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми беназири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар устувории пояҳои Артиши миллӣ ва таъмини он бо шароити мувофиқ барои иҷрои уҳдадории конститутсионӣ ва шаҳрвандӣ назаррас аст.

Масъалаи ватандӯстӣ яке аз масъалаҳои калидӣ дар тарбия ва ташаккули насли наврасу ҷавони кишвар маҳсуб шуда, адои уҳдадории ҳарбӣ рисолат ва қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард мебошад.

Дар Рӯзи дарҳои кушод дар қисми низомӣ 100 нафар ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуданд. Ҷавонони синни даъватӣ аз имконияти мавҷудаю воқеии қисми ҳарбӣ ва маркази таълимии пойтахт, ошхона, хобгоҳ, хонаи маишӣ, хонаи истироҳатӣ, ҷойи машқу таълимгоҳ, майдону толори варзишӣ, китобхона ва осорхона дидан намуданд.

Зимни боздид аз маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷавонони синни даъватӣ бо машқи таълимии кинологӣ шинос шуда, корнамоии сагони омодашударо барои анҷоми амалиёти тактикии ҳарбӣ аз наздик диданд.

Дар хатми чорабинӣ ба ҳайати шахсиву сарбозону афсарон аз ҷониби Кумита  сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news